Ахбори рӯз

Ёрии башарии созмони Каритаси Швейтсария ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВИДЕО)

Бо мақсади татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ миёни КҲФ ва Созмони Каритаси Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин расонидани ёрии фаврӣ ба аҳолӣ дар ҳоли ба вуҷуд омадани ин ё он ҳолати фавқулодда дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими таҳвили ёрии башардӯстона дар шакли маводи ғизоӣ ва ғайриғизоӣ баргузор шуд.

Ду амалиёти наҷот дар як рӯз

Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кумаки имдодгарон дар ду ҳодисаи рӯзи гузашта хабар дод.

Як сокини кӯчаи ба номи Аминҷон Шукӯҳии шаҳри Душанбе ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод...

Як ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар Москав бо фаъолияти Маркази ёрии таъҷилии равонии ВҲФ Русия шинос шуд

Ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи як сафари корӣ бо тастгирии САҲА аз Маркази ёрии таъҷилии равонии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия дидан кард.

Меҳмононро муовини директори Марказ Татяна Никитина бо фаъолияти Марказ шинос намуд. Вай зикр кард, ки ин...

Омӯзишҳои мудофиаи гражданӣ дар Рашт

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ноҳияи Рашт як силсила  омӯзишҳои мудофиаи гражданӣ баргузор намуданд.

Ин омӯзишҳо дар мавзӯъи “Амали ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ҳангоми бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ ва истифодаи қувва ва воситаҳои мудофиаи граждании ноҳия” муддати се рӯз идома дошт.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз барфу борони ду рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносӣ ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 17-18 ноябри соли 2021 дар водиҳо борон меборад ва он тадриҷан ба барфи тар табдил мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад барфи шадид меборад. Дар баъзе ноҳияҳо шамоли пуршиддат то ба 15-20 м/с мевазад.

Страницы