Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 12 то 15 январи соли 2023 дар қисмати бештари кишвар ҳавои сарди воридшуда аз самти аврупоии Федератсияи Русия боқӣ мемонад. Дар аксари навоҳӣ, бахусус дар водиҳо ва ноҳияҳои наздикӯҳӣ ҳаво шабона аз -19-24 то -13-18 дараҷа сард мешавад. Рӯзона бошад дамои ҳаво аз -9-14 то 3-8 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар навоҳии кӯҳӣ ҳаво шабона аз -20-25 то -14-19 дараҷа сард ва рӯзона ин сардӣ аз -12-17 то - 5-10 дараҷа коҳиш хоҳад ёфт.
Аз 12 то 14 – уми январ дар қисмати бештари ноҳияҳои водиҳову наздикӯҳӣ ва ағбаҳо барф меборад, ҳавои сард боиси яхбандиҳои шадид мешавад, бахусус шабонаҳо ин сардиҳо ба мушкили сокинон мушкилиҳои дигар зам мекунад.
Ҳавои сард бахусус ба соҳибони чорво ташвишҳои зиёдтар меорад. Барои ҳифзи ҷони моли худ онҳо бояд аз қабл оғилхонаҳоро гарм нигоҳ доранд ва чорворо бо ғизо сари вақт таъмин намоянд. Ин сардӣ барои чорвои навтавлид хатари бештар дорад ва чорводоронро лозим меояд ҳама талошҳоро анҷом диҳанд, то гӯсолаву барраҳои нав ба дунёомада аз сардӣ намиранд.
Рӯзҳои 12-14 январ хатари лағзиши тарма дар нишебиҳо ва доманакӯҳҳои силсилакӯҳҳои Ҳисор, ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва баъзе ноҳияҳои ғарбии ВМКБ боқӣ мемонад.