Ахбори рӯз

Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе – Варзоб

9-уми сентябри соли равон тахминан соати 11:42 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 66 роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб мошини сабукрави тамғаи «Mercedes-Benz», ки ба як сокини 37-солаи деҳаи Лакати шаҳри Истаравшани вилояти Суғд  мутааллиқ буд, ҳангоми ҳаракат аз самти хуҷанд ба Душанбе бо мошини боркаше, ки соҳибаш як сокини 33-солаи шаҳри Ҳисор буд, бархурд.

Ҷаласаи гурӯҳи коршиносони Платформаи миллӣ баргузор шуд

8 – уми сентябри соли 2022 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи доимамалкунандаи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор шуд.

Ин ҷаласа таҳти раёсати сардори Сарраёсати Кумита, котиби

Қадршиносии хизматчиёни ҳарбӣ бахшида да Рӯзи Истиқлол

Рӯзи 8 сентябри соли 2022 дар Дастгоҳи марказии Кумита, ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гурӯҳ хизматчиёни хизмати ҳатмии ҳарбӣ аз ҷониби роҳбарияти Кумита бо сипостнома, ифтихорнома ва мактубҳои миннатдорӣ бо иштироки волидайни сарбозон тақдим карда шуд.

 

Афсар ба афсарону сарбозон. Истиқлол муборак!

Иди Истиқлол яке аз идҳои расмии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокорона мебошад. Ба мо расидан ба Истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард...

Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми осебдидаи Покистон ба роҳ баромад

Бино ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар” имрӯз, 7 сентябр бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корвони мошинҳо бо кумаки башардӯстона барои мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон аз майдони «Наврӯзгоҳ» — и шаҳри Душанбе ба роҳ баромад.  Дар маросими гусели корвони башардӯстона намонядагони Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии...

Страницы