Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд якҷо бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҳисоби захираи моддии мақомот дар ҷамоатҳои шаҳраки Навкат ва Турсун Улҷабоев бо истифода аз техникаҳои муҳандисӣ тоза намудани ҷӯйбори обгузарро аз қуму лойқа ба масофаи 1000 метр ба нақша гирифта, айни замон корҳои тозакунӣ дар ин мавзеъҳо ба масофаи 500 метр гузаронида шуда, корҳо дар ин самт идома дорад.
Маврид ба ёдоварист, ки Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ин корҳоро тибқи нақшаи корӣ амалӣ мекунад ва ҳадаф пешгирӣ аз паёмадҳои офатҳои табии эҳтимолӣ мебошад.
Корҳои пешгирӣ аз хатари офатҳо тибқи барномаи коҳиши хатари офатҳо дар дигар навоҳии вилоят низ гузаронида мешавад.