30 декабри соли 2022 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Раёсати Кумитаи ҳолаӣҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ширкати муовини аввали Раиси Кумита , полковник Ҳотамшо Латифзода баргузор шуд, ки дар он ҳайати шахсии Раёсат ва сардорони шуъбаву бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Қайд гардид, ки дар соли 2022 дар ҳудуди вилоят 767 ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти гуногундошта, 13 (сенздаҳ) ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти табии дошта ба қайд гирифта шудааст. Маблагӣ умумии зарари расонидашуда бар асари офатҳои табиӣ дар соли 2022 7 миллиону 644 ҳазору 371 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳодисаҳои фавқулоддаи табиӣ асосан дар шаҳру ноҳияҳои Панжакент, Исфара, Ашт, Б.Ғафуров, Деваштич, Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ рух додааст.
Муовини якуми Раиси Кумита полковник Латифзода Ҳотамшо аз сардорони шуъбаву бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент, Шаҳристон, Деваштич, Исфара, Ашт ва Куҳистони Мастчоҳ доир ба иҷрои корҳои пешгирикунанда ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар селроҳаҳо ва минтақаҳои хавфнок, миқдори зарурии захираи сузишворӣ ва дигар маводҳо, кӯчонидани аҳолӣ аз маконҳои аз нигоҳи экологӣ пурхатар ба ҷойи бехавф ва ғайра суҳбат кард.
Ҳамзамон дар ҷараёни ҷаласа сардорони шуъбаҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафуров доир ба барқарорсозии манзилҳои истиқоматии дар натиҷаи муноқишаҳои байнисарҳадӣ зарардида, сари вақт расонидани кумакҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои зарардида маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Баъди баррасии масъалаҳои дар ҷаласа ба нақша гирифташуда сардори Раёсат полковник Додиён Баҳром Одина ба фаъолияти пурсамар дар ин самт дар семоҳаи аввали соли 2023 доир ба роҳбарӣ ва иҷро гирифтани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табии барои солҳои 2019-2030, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани техникаҳои муҳандисӣ, вусъат бахшидани корҳои пешгирикунанда ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳру ноҳияҳо,таъмири иншоотҳои муҳофизатӣ, захира намудани маводи хӯрока, сузишворӣ ва доруворӣ, дар муҳлатҳои муқарраргардида ба анҷом расонидани сохтмони манзилҳои истиқоматии дар натиҷаи муноқишаҳои наздисарҳадӣ зарардида ва пешгирии қонунвайронкунӣ дар байни ҳайати шахсӣ таъкид намуд.