Ахбори рӯз

Таҷлили Рӯзи Парчам дар раёсатҳои Суғд ва Хатлон

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он дотсенти кафедраи таърихи умумӣ ва диншиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  Фаррух Ҳусейнов ширкат ва суханронӣ кард.

Маркази заминларзаи субҳи имрӯз 83 километр шимолу ҷануби шаҳри Душанбе буд

Субҳи имрӯз, тахминан соати 07:34 дақиқа, ба вақти маҳаллӣ дар  қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон замин ларзид.

Тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Норак

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2021 рӯзҳои 16–18 ноябри соли 2021 дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи “Амали ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ ҳангоми гузаштан аз давраи осоишта ба замони ҷанг” ташкил ва

Боздиди Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ аз КҲФ

22 ноябри соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гарждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ доир гардид.  Ҳайатро Намояндаи олии ИА оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ ҷаноби Жозеп Боррелл сарварӣ  мекард.

Дар ҷараёни боздид ба меҳмонони олиқадр техникаи...

Заминларза дар Тоҷикистон. Бе талафоти ҷониву хисорат

Имрӯз, 22.11.2021 тахминан соати 15:49 дақиқа, ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази заминларза  230 километр шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе, 10 километр шарқ аз ноҳияи Лахш, дар ҳудуди минтақаи Рашт буда, қувваи заминларза дар марказашбалл ва дар ноҳияи Лахш  3 баллро ташкил дод.
Аз талафоти ҷониву хисорат гузориш нарасидааст.

Страницы