Зимистон аст, ҳавои сард моро мепечад. Гоҳ барф асту гоҳ боди сард дар мекӯбад. Мебояд дар баробари ин сардиҳо истод, худро ҳифз кард. Ва зимистон худ қоидаҳои зист дорад. Инсон чӣ бояд кунад, то дар мубориза бо сардӣ, барфу бодҳои тӯфонӣ пирӯз ояд ва худро солим ба баҳори нав расонад?
Мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хостанд як бори дигар таваҷҷуҳи сокинонро ба он чӣ, ки фасли сард меномем, ҷалб созанд. Ва баъзе тавсияҳоеро ҳам ироа намоянд.
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРИИ ДАР СӮХТОР
Бо фарорасии фасли зимистон шумори сӯхторҳое меафзоянд, ки бештар ба сабаби риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ рух медиҳанд. Як сабаби аслӣ риоя накардани қоидаҳои истифода аз системаи гармидиҳӣ мебошад. Ва барои он ки ин гуна ҳодисаҳо рух надиҳанд ва аз онҳо пешгирӣ карда шавад, чанд қоидаи муҳимро ёдовар мешавем:
- дар хотир дошта бошед, ки ҳар таҷҳизот муҳлати истифода дорад ва истифодаи беш аз ҳадду зиёда аз муҳлати нишондодашуда сабабгори паёмадҳои нохуш шуда метавонад;
- шумо ҳамеша талош кунед асбобҳои барқиеро, ки бо василаи онҳо хонаҳои худро дар зимистон гарм мекунед ва ё ҳангоми пухтупаз истифода мебаред, тафтиш намоед. Хеле бадиққат бошед ва санҷиши пайваставу ҳамешагӣ метавонад аз ҳар гуна ҳодисаҳои ногаҳонӣ пешгирӣ кунад;
- ҳолати обгаркунҳои барқиро сари вақт санҷед: саривақт онҳоро таъмир кунед, бахшҳои корношоямшударо иваз намоед;
- танҳо аз таҷҳизоте истифода кунед, ки дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсол шудаанд. Ба ҳеҷ ваҷҳ аз таҷҳизоти дастсохти бозор истифода нанамоед, чун онҳо бе риояи меъёрҳои бехатарӣ аз ҷониби шахсони ғайримутахассис сохта мешаванд ва кафолати бехатарӣ надоранд;
- аз истифодаи ҳамзамони чандин дастгоҳи қудратманди барқӣ худдорӣ кунед;
- ҳаргиз таҷҳизоти барқиро шабона, вақте хоб меравед, даргирон намонед, онҳоро барои хушк кардани либосҳои тар истифода накунед;
- нагузоред, ки бачаҳо бо таҷҳизоти барқӣ бозӣ кунанд, ҳамеша онҳоро назорат кунед;
- таҷҳизотро дар масофаи дуртар аз пардаи хона ва ё мебелҳо насб кунед;
- обгармкунҳои барқиро дар хонаҳое, ки маводҳои зудоташгиранда ва ё ҳар гуна маҳлулҳои оташангез нигоҳдорӣ мешаванд, истифода набаред;
- пайваста ин гуна таҷҳизотҳоро аз ҳар гуна чангу хок пок созед, зеро баъзан гард ҳам боиси оташсӯзӣ мешавад;
- симҳои барқи бухориро аз зери фаршу дигар пӯшишҳо убур надиҳед, ба болои симҳо ашёи вазнин, аз қабили мебелро нагузоред;
- қувваи барқро сарфаҷӯёна истифода баред, бидуни зарурат таҷҳизоти барқиро рушан накунед.
ГАЗИ КАРБОН ЧӢ ХАТАР БАРОИ ИНСОН ДОРАД?
Бояд қайд кард, ки истифодаи ангишт аз як ҷиҳат агар манфиатовар бошад, аз нигоҳи дигар дар сурати риоя накардани тартиби истифодаи он метавонад барои саломатии инсон хатарнок, ҳатто марговар бошад. Ҳангоми сӯзонидани ангишт гази оксиди карбон (СО), дуоксиди карбон (СО2), оксиди нитроген (NO2), оксиди сулфур (SO2), дуда ва дигар металҳои вазнин, ки барои саломатии инсон хатарноканд, ихроҷ мешавад. Бахусус дар ҳолати пурра насӯхтани ангишт гази марговари оксиди карбон (СО) ҳосил шуда, дар сурати мутобиқ набудани ҳавокаши печи истифодашаванда ба дохили бино паҳн гардида, метавонад одамонро заҳролуд ва ҳатто ба марг дучор намояд. Қобили зикр аст, ки дар сурати пурра насӯхтани ангишт ихроҷи оксиди карбон бештар мешавад.
Ин газ бӯй ва ранг надорад аз ин лиҳоз дар дохили хона паҳншавии онро инсон пай намебарад. Дараҷаи таъсири оксиди карбон на фақат аз зиёд гардидани ғизлатнокии он, балки ба муддати тулонӣ дар муҳити аз меъёр зиёд мавҷуд будаи ин газ ҳузур доштани инсон вобаста аст. Вобаста ба зиёд гардидани ғизлатнокии гази оксиди карбон, таъсири он ба саломатии инсон чунин оқибатҳо дошта метавонад:
- бадшавии биноии чашми инсон;
- вайроншавии баъзе функсияҳои асаб (ҳангоми мавҷудияти оксиди карбон дар таркиби
ҳаво 2-5%)
- тағйирёбии фаъолияти дил ва шушҳо (ҳангоми мавҷудияти оксиди карбон дар таркиби
ҳаво аз 5% зиёд)
- дарди сар, хоболудӣ, мушкилоти нафаскашӣ ва ба марг дучор кардан (ҳангоми мавҷудияти оксиди карбон дар таркиби ҳаво 10-80%)
Таҳлилҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки беҳушшавии инсон ҳангоми фаъолияти вазнини инсон дар муддати 1-2 соат ва дар ҳолати оромӣ дар муддати 3-6 соат ба вуҷуд меояд. Оксиди карбон ба ҷараёни хун ворид мешавад ва бо молекулаҳои гемоглобин бо оксиген рақобат мекунад. Ин модда нисбат ба оксиген ба гемоглабини хун қавитар пайваст мешавад. Ҳар қадаре, ки оксиди карбон дар ҳаво зиёд бошад, ҳамон қадар гемоглобин ба он пайваст мешавад ва оксиген ба ҳуҷайраҳо камтар мерасад. Қобилияти расонидани оксиген ба бофтаҳо халалдор гашта, спазмҳои рагҳо ба амал меоянд ва фаъолияти иммунологии одам кам мешавад. Ҳамчунин, дар раванди сӯхтани ангишт оксиди нитроген ва оксиди сулфур ихроҷ мегарданд, ки онҳо низ метавонанд ба саломатӣ таъсири манфӣ расонида, инсонро ба бемориҳои гуногун дучор намояд.
Бинобар ин, шаҳрвандонро зарур аст, ки ҳангоми истифодаи ангишт аз оқибатҳои эҳтимолии манфии он низ андеша намоянд.
Барои аз таъсири газҳои заҳрноки ангишт ҳифз намудани инсонҳо зарур аст, ки дар манзилҳои истиқоматӣ аз печҳои мувофиқ барои сӯзонидани ангишт истифода карда шуда, қобилияти ҳавокашии қубури дудпарто ба инобат гирифта шавад. Ҳамчунин, ҳангоми истифодаи ангишт ҳавои хонаҳо бояд мунтазам иваз карда шуда, давоми шабона барои ворид гаштани миқдори муайяни ҳавои тоза аз тирезаҳо мусоидат намоянд. Шахсе, ки бо ин газ заҳролуд шудааст, бояд фавран ба ҳавои кушод бароварда шуда, барои бартараф намудани оқибати таъсири он ба муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат намояд.