16 январи соли 2023 2023 сокинони як бинои баландошёна воқеъ қаламрави ноҳияи Шоҳмансур ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг заданд ва барои бартараф кардан яхшӯшаи овезони боми хонаҳои худ кумак хостанд.
Имдодгарон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, бо истифода аз дастгоҳи махсус хатарро бартараф намуданд.
КҲФ аз ҳамаи сокинони кишвар хоҳиш мекунад ҳангоми гузар аз назди биноҳи бисёрошёна эҳтиёт кунанд. Барфи обшуда баъдтар бар асари сардӣ ях мебандад ва ба сурати шӯшаҳои пурхатар дар лабгӯшаи боми хонаҳо, симчӯби интиқоли барқ, пояҳои реклом, шохҳои дарахтон овезон мешавад.
Ҳангоми гузар аз чунин мавзеъҳо бояд бадиққат бошед ва чун садои шубҳаовареро мешунавед, набояд дар ҷойятон қарор гиред ва хеле ба зудӣ аз он гузаред. Зеро маъмулан шӯшаҳо баъди расидани каме гармӣ ва ё вазнинӣ ба поён сарозер мешаванд.
Бештар ба кӯдакон аҳамият диҳед. Онҳоро аслан танҳо нагузоред, вале агар зарурати он бошад, ки фарзандатон танҳо кӯча равад, пас аз ин хатар ӯро сари вақт огоҳ намоед.
Дар сурати мушоҳидаи яхшӯшаҳои бузург фавран бояд ба мақомоти хидмати комуналии маҳаллатон хабар диҳад.
Ҳамзамон хабар медиҳем, ки кормандони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе шабонрӯзи гузашта ду дари бастаро боз карданд. Дар яке аз ин хонаҳо духтарчаи чорсола танҳо монда буд.
Имдодгарон бо волидон ҳамсуҳбат шуда, онҳоро аз хатарҳои эҳтимолии танҳо гузоштани тифлон дар хона огоҳ карданд.