18 январи соли 2023 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ барои роҳбарони шаҳриву ноҳиявии зерсистемаи Ягонаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодда дарси омӯзишӣ баргузор шуд.
Ин дарс дар доираи Нақаи асосии Раёсати КҲФ дар ВМКБ оид ба мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар соли 2023 гузашт.
Ҳадаф аз роҳандозии чунин дарсҳои омӯзишӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳиҳо оид ба мудофиаи гражданӣ, омода намудани аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ ва роҳу шеваҳои бартараф намудани онҳо мебошад.
Дар поёни дарс ба ширкаткунандагон варақаҳо ва маводдҳои зарурии омӯзишиву таблиғотӣ тақсим карда шуданд.