Лағзиши тарма дар роҳи Душанбе-Варзоб. КҲФ: Хатар ҳамоно боқист

9-уми январи соли равон, соати 00: 10 дарқиқа дар километри 67-уми дар роҳи мошингарди  Душанбе – Варзоб лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.

Барои рафъи паёмадҳои офати табиӣ техникаи махсуси хадамоти роҳи ширкати Innovative Road Solutions (IRS) ҷалб гардид. Ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надошт. Дар айни замон роҳ аз ғарами барф тоза карда шуд ва ба ҳаракати мошинҳо аз ду самт иҷозат шуд.

Бо мақсади ҳифзи ронандагон ва мусофирон то ҳол ба ҳаракати мошинҳои боркаш дар роҳи Душанбе-Хуҷанд, аз пойтахт ба самти Хуҷанд иҷозат нест. 

КҲФ ёдовар мешавад, ки ба асари бориши пуршиддати барф  ҳоло хатари лағзиши тарма, барфтӯда дар роҳҳо вуҷуд дорад. Ҳавои сард ҳамзамон сабабгори яхбандиҳо дар роҳҳои кӯҳӣ шудааст. Ин гуна хатарҳо бештар дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Хуҷанд - Чаноқ, Душанбе - Рашт -Лахш, Душанбе-Сангвор, Кӯлоб – Дарвоз, Ванҷ -Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб вуҷуд доранд.

Бинобар ин аз сокинони кишвар ва меҳмонони он хоҳиш дорем ҳангоми сафар дар ин роҳҳо эҳтиёткор бошанд. Дар чунин рӯзҳо чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум аз доманакӯҳҳову кӯҳҳо, моҳидорӣ ва шикор маслиҳат нест.

КҲФ аз ронандагон бо эҳтиромона хоҳиш мекунад пеш аз сафар вазъи роҳҳоро аз хабарҳои БДА, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда омӯзанд. Ҳангоми ҳаракат ҷиддан қоидаҳои бехатариву амниятро риоя кунанд, риояи фосилаи байни мошинҳо дар роҳҳои кӯҳӣ гарави аслии таъмини амнияти ронандагон ва мусофирони онҳост.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинони кишвар ва меҳмонон муроҷиат мекунад, ки эҳтиёткор бошанд.

Дар ҳоли пеш омадани ҳодисаи фавқулода бо телефонҳои 112 ва ё 93 880 28 19 муроҷиат намоед.

барчасп: