Ҳавои сард, бориши барф ва бодҳои шадид. Кай ва дар куҷо?

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 9-11-уми январи соли 2023 бар асари ворид гардидани ҳавои сард аз самти аврупоии Федератсияи Русия дар қисмати бештари қаламрави ҷумшурб ҳаво сард мешавад ва барфи шадид меборад.

Рӯзҳои 10-11 январ дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳии вилоятҳои Суғд, Хатлон ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ коҳиши дамои ҳаво ба ҳадди 10-15 дараҷа дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин дар ин рӯзҳо дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ бориши шадиди барф пебинӣ мешавад. Дар натиҷаи ин боришҳо барфи тар метавонад сабабгори шикастани шохаи дарахтон, симчӯбҳо, канда шудани хатҳои интиқоли барқ шавад. Ҳамчунин яхбандӣ ва лағзиши тармаву ба вуҷуд омадани барфтӯда дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтимол дорад. 

Рӯзҳои 9-10 январ дар як қатор ноҳияҳои вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ вазиши боди сахт дар назар аст. Шамол дар ин минтақаҳо бо суръати  15-20 метр дар як сония хоҳад вазид. КҲФ ҳушдор медиҳад, ки маъмулан бодҳои сахту шадид қодиранд симҳои интиқоли барқро кананд, шохи дарахтонро шикананд, пояҳои сустниҳоди рекломҳоро ба замин зананд ва дар роҳҳо ҳолатҳои садамавӣ барои мошинҳоро ба вуҷуд оранд. 

Рӯзҳои 7-10 январ дар дар нишебиҳои силсилакӯҳҳои Ҳисор хатари лағзиши тарма вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои худро дар роҳҳои кӯҳӣ бидуни зарурати таъҷилӣ маҳдуд намуда, аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд, инчунин барои пешгирӣ аз эҳтимоли омадани сел ҷӯйборҳоро тоза намоянд, ҳангоми истифода аз бухориҳое, ки бо ангишт гарм мешаванд, қоидаҳои бехатариро риоя кунанд!

 

Бачаҳоро беназарат нагузоред. Дар фасли сармо бетаваҷҷуҳӣ ба пирсолону кӯдакон боиси сирояти ҳар гуна бемориҳо мешавад. 

КҲФ: РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД БАРОИ МОШИНҲОИ БОРКАШ БАСТА АСТ. ТАВСИЯҲО БА РОНАНДАГОН ВА СОКИНОН

барчасп: