Сел дар ноҳияҳои Лахш ва Сангвор. Роҳҳо хароб шуданд. Талафоти ҷонӣ нест
Чоп шуд: 26/07/2022 | redaktor
25 июли соли 2022 бар асари ҳарорати баланди ҳаво ва об шудани барфу пиряхҳо дар ноҳияҳои Сангвор ва Лахш сел омад ва роҳҳоро муваққатан баст. Ин офати табииӣ хушбахтона талафоти ҷонӣ надошт.
Соати 15:00 дақиқа, дар километри 250-уми шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Ҷиргатол бинобар сабаби баланд гардидани ҳарорати ҳаво ба селроҳаи дарёчаи “Арчакпа” сел омад ва пеши роҳи дарёи Сурхобро пурра банд намуд.