Марги соҳиби “Opel Astra”, ки ҳамагӣ 22 сол дошт
Чоп шуд: 01/08/2022 | redaktor
Ин фоҷеаи мудҳиш рӯи охири моҳи июл соати 07:31 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави шаҳраки Ҳисор рух дод. Мошини сабукрави тамғаи “Opel Astra”, ки мутааллиқ ба як сокини 22-солаи деҳаи Тутаки ҷамоати деҳоти Алмосӣ буд, ба канали Ҳисор сарнагун шуд. Шоҳидон мегӯянд ронанда аз уҳдаи идораи мошин набаромад ва аз роҳ бероҳа шуда, ба оби канал фурӯ рафт.