Ахбори рӯз

Суҳбат аз тозагии забон дар Раёсати Кумита дар ВМКБ

Рӯзи 8-уми августи соли 2012 тибқи супориши Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сарварии муовини раиси вилоят Н. Асламшоева ва аъзоёни гурӯҳ Афзалшоева М-сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, Насриддиншоев А. -устоди Донишгоҳи давалтии Хоруғ ба номи М.Назаршоев, номзади илмҳои филологӣ ва И.Хоҷаназар - мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои

Омӯзишҳои мудофиаи гражданӣ дар Ишкошим

Бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2022   оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва рафъи паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2022 кормандони Раёсати Кумита дар ВМКБ дар ноҳияи Ишкошим омӯзишҳо гузарониданд.

Тамрини маҷмуъӣ дар се марҳила гузашт. Дар марҳилаи аввал ҳайати роҳбарикунандаи ноҳия дар идораи...

КҲФ аз селҳо бар асари об шудани пиряхҳо ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 9-10 августи соли 2022 дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳии ҷумҳурӣ, (ба истинои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) эҳтимоли омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад.

Боз як бино барои осебдидагони эҳтимолии офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Файзобод ба истифода омода шуд

Ҳафтаи гузашта ҷонишини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник И.Иброҳимзода дар маросими ифтитоҳи паноҳгоҳи дигаре барои осебдидагони офатҳои табиӣ, ки дар қаламрави манотиқи осебпазири ноҳияҳои Рашт ва Файзобод сохта шудаанд, ширкат намуд.
Сохтмони ин бино бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои

Наҷоти писарбачаи 8-солае, ки мехост худро аз ошёнаи чорум ба зер афканад

Субҳи имрӯз, 8-уми август соати 04:07 дақиқа ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як сокини кӯчаи ба номи Алишер Навоии пойтахт, хонаи №13/4 занг зад ва бо изтироб хабар дод, ки писарбачае дар тирезаи ошёнаи чоруми ин бино истодаву мехоҳад, худро ба зер афканад.

Фавран ба ҷойи ҳодиса дастаи наҷоти Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе фиристода шуд.

Страницы