Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 19-уми феврали соли равон дар вилояти Хатойи Туркия ҷасади 6 нафар ҳалокшудагон дар зилзиларо аз зери вайронаҳо берун оварданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз роҳбарони дастаи имдодгарони КҲФ бо ҳамкасбонашон аз Ветнам, ки бо сарварии ҷаноби Фам Ван Ти дар Хатой машғули корҳои ҷустуҷӯву наҷот мебошанд, мулоқот карданд.
Маврид ба ёдоварист, ки наҷотдиҳандагони тоҷик рӯзи шанбеи гузашта аз шаҳри Қаҳрамонмаръаш ба вилояти Хатойи Туркия равон шуданд, то дар роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот дар ин минтақаи офатдидаи Туркия ширкат кунанд. Хатой яке аз вилоятҳои бузурги кишвари Туркия мебошад, ки бо Сурия ҳаммарз аст.