ФАВРӢ: Президенти Туркия дар вилояти Ҳотой бо имдодгарони Тоҷикистон мулоқот кард (ВИДЕО)

Имрӯз, 20 – уми феврали соли  2023 Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон дар ҷараёни диду боздидҳои худ аз минтақаҳои зилзилазадаи кишвараш ба вилояти Хатой омад ва бо кору фаъолияти наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз наздик ошно шуд.

Зимни суҳбат бо имдодгарон сарвари Туркия ба кору фаъолияти наҷотдиҳандагони тоҷик баҳои баланд дод. Вай ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамаи халқи тоҷик, ки дар ин рӯзҳои барои Туркия мусибатовар дар паҳлуи онҳо қарор гирифтанд, кумаки башарӣ равон карданд ва имдодаронашон дар корҳои ҷустуҷӯву наҷоти офатзадагон ҳисса гузоштанд, самимона изҳори сипос кард.

Президенти Туркия ҳамчунин изҳор дошт, ки аз ҷараёни корҳои наҷоту ҷустуҷӯ ва аз фаъолияти имдодарони ватаниву хориҷӣ огоҳии комил дорад ва дақиқа ба дақиқа пайгирӣ мекнуад.

 

барчасп: