Ахбори рӯз

Сели харобкор дар ноҳияи Лахш

2-уми моҳи августи соли 2022 соати 19:45 дақиқа дар натиҷаи борони кутоҳмуддат дар деҳаи Пилдони ҷамоати деҳоти Пилдони миёнаи ноҳияи Лахш сел омад.

Сел ба чор замини наздиҳавлигии сокинони деҳа зарар расонда, 300 метр роҳро шуст. Талафоти ҷониву харобиҳои дигар ба қайд гирифта нашудааст.

Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар лагери истироҳатии “Шарора”

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе дар асоси Нақша - чорабиниҳои масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъӣ оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022 рӯзи 1 – уми августи соли 2022 ҳолати экологӣ, тайёрӣ ба қабули кўдакону наврасон ва фаъолияти лагери истироҳатию фароғатии беруназшаҳрии «Шарора»-и ноҳияи Исмоли Сомониро санҷид.

Се рӯйдоди рӯзи гузашта. Болоравии харобиовари сатҳи оби Сурхоб, садамаи ду мошин дар роҳи Варзоб – Душанбе ва пайдо шудани ҷасади ҷавони 26 сола, ки ғарқ шуда буд

Якуми августи соли 2022 бинобар сабаби баланд гардидани дамои ҳаво сатҳи оби дарёи Сурхоб аз меъёр баланд шуда, дар мавзеи “Бурҷон”-и ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт маҷрояшро дигар намуд ва қисмати поёнии роҳи автомобилгарди маҳаллии Сарипул-Аскалонро дар километри 3-юм қисман шуста хароб намуд. Дар натиҷа 70 метри роҳи зикршуда 10-15 см фурӯ рафтадар ҳолати садамавӣ қарор гирифтааст...

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз эҳтимоли омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 2-4-уми моҳи августи соли 2022 дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии кишвар, ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо дар назар аст.

Хабарҳои рӯзи якшанбе, 31-уми июл

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар чанд ҳодисаи омадни сел баъди боронҳои шадид ба қайд гирифта шуд. Ҷасади ду нафар ғарқшуда дар об пайдо шуд, кормандони КҲФ барои боз кардани дари хонаи шаҳрвандон кумак карданд ва дар бартараф намудани паёмадҳои як садамаи мошин ширкат намуданд.

Тибқи маълумоти  сардори  бахши Кумита дар  ноҳияи Тоҷикобод  рӯзи...

Страницы