Хуршед Кенҷаев: Дар касби мо одамони аз нигоҳи равонӣ устувор кор карда метавонанд
Чоп шуд: 17/08/2022 | redaktor
Хуршед наҷотдиҳанда аст. Ў аз соли 2008 то ин ҷониб дар Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода кор мекунад. Ба касбаш дил баст ва фаҳмид, ки ба ин касб касоне содиқ мемонанд, ки дилашон ба мардум сўзад. Касоне буданд, ки пас аз 2 сол ё 5 сол кор кардан аз Кумита рафтанд, чун фаҳмиданд, ки ин ҷои онҳо нест. Ман ҳам ба муддати соле аз фаъолиятам дур шудам, тағйири касб намудам. Аммо дидам, ки бе ин корам наметавонам.