Бино ба гузориши Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ имрӯз, 23-уми феврал, соати 13:01 дарқиқа бо вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар бори дигар заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминларза 380 кмҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 86 км ғарбтар аз ноҳияи Мурғоб ва 45 км шимолтари кӯли Сарез буд.
Бино ба гуфтаи манбаъ қувваи заминларза дар маркази он 5 балл, дар шаҳри Хоруғ 4 баллро ташкил дод.
Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест.