Бар асоси дастурҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумакҳо фиристода шуданд. Аз офатҳои табиии ахир бештар сокинони ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ зарар диданд.
Кумакҳо аз 25 номгӯ дар ҳаҷми 40 тонна буда, аз сару либоси зисмистона, пойафзол, маводи ғизоӣ, бухориҳои чӯянӣ, катҳои хоб бо ҳама лавозимоташон иборат мебошад.
Рӯзи 23 феврали соли равон дар Мактаби президентии шаҳри Хоруғ бо иштироки намояндагони ВАО Комиссияи махсус созмондодашуда ба 66 хонаводаи зарардида аз офати табиӣ кумакҳо тақсим карда шуданд.
Қайд карда шуд, ки ин ёриҳо аввалину охирин нестанд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар наздиктарин фурсат ба хонаводаҳои осебдида ёриҳои дигарро низ ирсол хоҳад кард.