Ҳамоҳангсозӣ

Ширкат дар Ҷаласаи минтақавии сарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ

Дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷаласаи минтақавии сарварони идораҳои ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник М.Салимзода ширкат намуд.

Дар ин ҷаласа сарварони ва намояндагони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон, Қирғизистон, Турманистон, Узбекистон, намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ҷонибҳои дахлдор иштирок карданд.

Таҳкими ҳамкориҳои КҲФ ва Академияи тиҷорати байналмилалӣ ва рушди иқтисоди Чин

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода имрӯз, 10-уми июл ҳайати Академияи тиҷорати байналмилалӣ ва рушди иқтисоди Ҷумҳурии Мардумии Чин бо сарварии Муовини аввали Раиси Академияи мазкур хонум Мао Сяодҷинро ба ҳузур пазируфт.

Сарвари КҲФ ҳайати Дафтари минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои Аврупо ба ҳузур пазируфт

9 – уми июли соли 2019 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Назарзода Р.  ҳайати Дафтари минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои Аврупо бо сарварии хонум Тасним Ататраро ба ҳузур пазируфт.

Сарвари КҲФ дар сухани ифтитоҳии мулоқот ба густариши ҳамкориҳо миёни ду сохтор дар самти пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода таъкид намуд.

Анҷоми тамрини “Вокуниши неруҳо ва воситаҳо ба ҳолатҳои фавқулодаи алоқаманд ба вуруди фавриву зиёди паноҳандагон”

Рӯзҳои 3 - 4 июли соли 2019 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамринҳои саҳроӣ ва шабеҳасозӣ дар мавзуи “Вокуниши неруҳо ва воситаҳо ба ҳолатҳои фавқулодаи алоқаманд ба вуруди фавриву зиёди паноҳандагон” баргузор намуд. Ҳадафи тамринҳо санҷиши сатҳи омодагии сохторҳои давлатӣ ва шарикони кумакрасон дар идораи ҳолатҳои фавқулода мутобиқ ба ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ буд.

Оғози тамринҳои муштараки “Вокуниши неруҳо ва воситаҳо ба ҳолатҳои фавқулодаи алоқаманд ба вуруди фавриву зиёди паноҳандагон”

Бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар соли 2019, ҳамчунин беҳтар кардани ҳамкориҳо ва ҳамоҳангиҳо миёни  вазоратҳо ва идораҳо - аъзои Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода ва созмонҳои байналмилалии муқими кишвар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи грждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба тамринҳои саҳроӣ таҳти унвони “Вокуниши неруҳо ва воситаҳо ба ҳолатҳои фавқулодаи алоқаманд ба вуруди фавриву зиёди паноҳандагон

Страницы