КҲФ мушоҳиди омӯзишҳои байналмилалии наҷот буд
Чоп шуд: 28/06/2019 | redaktorАз 25 то 28 июни соли 2019 омӯзиши байналмилалии “Сербистон-2019” дар наздикии шаҳри Ниш доир гардид. Дар ин омӯзишҳо бештар аз 500 нафар наҷотдиҳандагон аз Русия, Сербистон, Куба, Босния ва Ҳерзоговина, Македонияи Шимолӣ, Маҷористон ва Туркия ҷалб шуда буданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин тамрин ба сифати нозир бо тариқи Конфронси видеоӣ ширкат намуд.