25 июни соли 2019 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Назарзода Р. ҳайати Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкориҳоро бо сарварии мушовири байналмилалӣ ҷаноби Насим Ҷавод ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти вохурӣ Сарвари Кумита ба густариши ҳамкориҳо миёни ду сохтор дар самти пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода таъкид намуд.
Дар ҷараёни мулоқот меҳмонон ба фаъолиятҳои КҲФ дар самти ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода шинос карда шуданд, ҳамчунин масъалаҳо дар самти ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба бо Агентии Швейтсарии рушд ва ҳамкориҳо баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин, дар ин мулоқот самтҳои асосии ҳамкориҳо дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Қирғизистон дар масъалаҳои ҳолатҳои фавқулода ва пешгирии онҳо баррасӣ гардиданд.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо бори дигар алоқамандии худро дар самти коҳиши хавфи офатҳо ва расонидани ёрӣ ба аҳолии зарардида изҳор доштанд.