КҲФ мушоҳиди омӯзишҳои байналмилалии наҷот буд

Аз 25 то 28 июни соли 2019 омӯзиши байналмилалии “Сербистон-2019” дар наздикии шаҳри Ниш доир гардид. Дар ин омӯзишҳо бештар аз 500 нафар наҷотдиҳандагон аз Русия, Сербистон, Куба, Босния ва Ҳерзоговина, Македонияи Шимолӣ, Маҷористон ва Туркия ҷалб шуда буданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин тамрин ба сифати нозир бо тариқи Конфронси видеоӣ ширкат намуд.

Дар ин омӯзишҳо ҳавопаймоҳои ВҲФ  Федератсияи Русия, ҳамчунин 11 адад техникаи махсуси наҷот ва таҷҳизоти наҷот, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва бемористони аэромобилии отряди “Сентроспас” истифода шуданд.

Омӯзиш дар се марҳила дар се нуқтаи омӯзишии шаҳрҳои Сербистон Ниш,  Прокупле, Алексинатс баргузор шуд.

Ҳадафи аслии ин омӯзишҳо баланд бардоштани сатҳи омодагиҳои байналмилалии воҳидҳои наҷот ҳангоми бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода ва коркарди ҳамкориҳои байналмилалӣ ҳангоми ба вуҷуд омадани онҳо мебошад. 

барчасп: