28 апрели соли 2019 дар доираи рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати муассисаи хайрияи ба номи Шайх Зойид бинни Султон Наҳёни Аморати Муттаҳидаи Арабӣ бо сарварии Директори кулли ин созмон ҷаноби Ҳамад Солим ал-Амрӣ баргузор шуд.
Дар ин мулоқоти корӣ ҳамчунин роҳбар ва кормандони масъули лоиҳаҳои хазинаи мазкр ширкат карданд.
Дар рафти мулоқот Раиси КҲФ ба ҷаноби Ҳамад Солим ал-Амрӣ дар бораи самтҳои фаъолият ва шеваҳои кори ниҳод, сохтор ва воҳидҳо, ҳамчунин корҳои анҷомгирифта ҷиҳати пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода дар кишвар ва бартарафсозии оқибатҳои онҳо нақл намуд.
Баъдан дар ҳузури ҳайати муассисаи хайрияи ба номи Шайх Зойид бинни Султон Наҳёни Аморати Муттаҳидаи Арабӣ рӯнамоии баъзе тарҳҳо баргузор шуд.
Сафари ҳайати муассисаи хайрияи ба номи Шайх Зойид бинни Султон Наҳёни Аморати Муттаҳидаи Арабӣ ин марҳилаи муҳими татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт мебошад.