Баррасии татбиқи системаи «DesInventar Sendai» дар як семинари онлайн барои кишварҳои Осиёи Марказӣ
Чоп шуд: 13/08/2020 | redaktor
Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиши хатари офатҳо дар ҳамкорӣ бо Хазинаи таҳқиқотии «CIMA» ва Маркази осиёии омодагиҳо ба офатҳо (ADPC) аввалин семинари муқаддимавии онлайн барои кишварҳои Осиёи Марказиро баргузор набуд, ки ба системаи «DesInventar-Sendai» барои ҷамъоварии муттасил, ҳуҷҷатикунонӣ ва таҳлили маълумотҳо дар иртибот ба талафот бар асари офатҳо бахшида шуда буд.