Имрӯз, 7 август таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу, бо ширкати намояндагони вазоратҳо ва идораҳои кишвар ва як қатор созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ҷаласаи Гурӯҳи арзёбиҳои фаврӣ ва ҳамоҳангсозӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) баргузор гардид.
Маврид ба ёдоварист, ки ҷаласаи РЕАКТ ҳамчунин фосилавӣ ва тибқи низоми онлайн гузашт, ки дар он беш аз 20 ширкаткунанда аз дур, аз ҷумлаи созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Сарвари Кумита дар расми ифтитоҳи ҷаласа қайд кард: “Ба ҳам овардани қувва ва имкониятҳо ҳангоми офатҳои табиӣ ва расонидани ёрӣ ба ниёзмандон бояд чун ҳамеша шиори мо дар кору ҳамкориҳои оянда бошад”.
Дар рафти ҷаласа ба ширкаткунадагон маълумот дар бораи ҳолатҳои фавқулодаи ба қайдгирифташуда, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ рух доданд, пешниҳод карда шуд. Дар бораи миқдор ва намудҳои ёриҳо ба осебдидагон аз ҷониби Ҳукумати ҶТ ва нақши ҳамоҳангсозии КҲФ дар вокуниш ба ин ҳодисаҳо низ сухан рафт. Ба ширкаткунандагон ҳамчунин дар бораи фаъолиятҳои зиддиэпидемологии КҲФ ва шарикон аз гурӯҳи РЕАКТ дар замони пандемияи коронавирус маълумот ироа карда шуд.
Роҳбарони созмонҳои байналмилаль дар қасду ниятҳо дар мавриди таҳкими ҳамкориҳои минбаъда бо назардошти вазъи баамаломада дар иртибот ба коронавирус дар минтақа ва ҷаҳон андешаи ягона доштанд.
Дар поёни ҷаласа ширкаткунандагон самтҳои аваалиндараҷаи ҳамкориҳо барои вокуниш ба пешгирии пандемияи СOVID-19-ро муайян карданд