Бо мақсади пешгирӣ аз густариши коронавирус ва дар чаҳорчӯби татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои ҳодисаҳои фавқулода миёни КҲФ ва Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 22-уми июл дар Кумтаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвили воситаҳои фардии ҳимоя зидди коронавирус баргузор шуд.
Ин ёриҳои башарӣ аз воситаҳои ҳимоявие чун ниқобҳо, сару либоси махсус, антисептикҳо, хлор, спирт, глитсерин, равғани эфир, айнакҳои ҳимоявӣ ва собуни моеъ иборат буданд. Ин воситаҳо дар миёни ҳайати шахсии Кумита тақсим карда хоҳанд шуд.
Раиси КҲФ, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ба Сафорати ИМА дар Тоҷикистон барои ин ёрӣ изҳори сипос намуд ва зикр кард, ки кумаки имрӯз расида қабл аз ҳар чизи дигар ба пешгирӣ аз густариши КОВИД-19 дар Тоҷикистон равона шудааст ва бешак дар ҳалли ин мушкил ҳисса хоҳад гузошт.
Дар навбати худ намояндагони ИМА дар ҶТ қайд карданд, ки Ҳукумати ИМА дар оянда низ талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пешгирӣ аз паҳн гардидани коронавирус дастгирӣ менамояд.
Ҳамчунин имрӯз Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода Сарвари Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар ҶТ Осам Маккави Когалиро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози мулоқот Сарвари КҲФ ба ҷаноби Когали дар бораи Кумита, сохторҳои он, ҳамчунин ҳамкориҳои байналмилалӣ бо Хазинаи кӯдакони СММ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ маълумот дод.
Дар ҷараёни мулоқот рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар масъалаҳои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, ҳамчунин фаъолиятҳои муштараки Хазинаи кӯдакони СММ дар ҶТ дар ин самт баррасӣ шуданд.
Раиси Кумита қайд намуд, ки тавсеаи муносибатҳо миёни КҲФ ва ЮНИСЕФ дар ин самт басо муҳим аст ва Кумита ба ин аҳамияти махсус медиҳад.
Ҷаноби Когали дар мавриди таҳкими минбаъдаи ин ҳамкориҳои созанда ва пурнафъ таъкид намуд.
Дар ҷараёни ин мулоқот ҳамчунин дар атрофи масъалаҳои дигари барои ҷонибҳо муфид табодули афкор сурат гирифт.