COVID-19: Ҳудудан 52,5 миллион гирифтор дар олам. Мувофиқи як таҳқиқот, шахсоне, ки Covid-19 доштанд, бештар ба мушкилоти равонӣ дучор мешаванд
Чоп шуд: 12/11/2020 | admin
12 ноябри соли ҷорӣ шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар олам 52 миллиону 457 ҳазору 990 нафар эълон шуд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта боз 174 ҳазору 634 нафар мубталоёни нав ба қайд гирифта шуданд ва дар як шабонарӯз дар саросари олам аз ин беморӣ 3 047 нафар фавтиданд. Шумори ҷонбохтагони корона дар олам ба 1 миллиону 290 ҳазору 26 нафар расид.