Коронавирус nCov

Covid-19: Шумори гирифторон дар олам аз 61 миллион ва дар Тоҷикистон аз 12 ҳазор гузашт. Болотарин сатҳи марг дар Русия: 524 нафар дар як шабонарӯз

Шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар олам аз 61 миллион гузашт. Тибқи охирин хабари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ то ин лаҳзаҳо дар саросари олам 61 миллиону 331 ҳазору 706 ҳодисаи сироят ба Covid-19 ба қайд гирифта шудааст. Танҳо шабонарӯзи гузашта боз  153 991 мубталои нав сабт шудааст. Аз ин беморӣ то кунун 1 миллиону 438 ҳазору 096 нафар фавтидаанд. Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи...

Кореяи Шимолӣ хостааст воксани зидди коронавирусро аз Кореяи Ҷанубӣ дуздад. Садриаъзами Олмон хостори бастани ҳама тафреҳгоҳҳои лижаронӣ шудааст

Кореяи Шимолӣ талош кардааст тарҳи таҳияшудаи воксан аз коронавирусро аз Кореяи Ҷанубӣ дуздад. Дар ин бора хабаргузории News One истинодан ба суханони  вакили парламони Кореяи Ҷанубӣ Ха Дэ Гюн иттило додааст.

Хадамоти ҷосусии ин кишвар ба ин назар аст, ки Пхенян омода буд ба ширкатҳои дорусозии кишвари...

COVID-19: Марг бар асари коронавирус дар олам ба 1,5 миллион наздик мешавад. Шумори мубталоён дар Ӯзбекистон ба 71 774 нафар расидааст

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба коронавирус дар оламро 59 миллиону 514 ҳазору 826 нафар эълон кард. Зарфи як шабонарӯзи гузашта боз 160 ҳазору 325 нафар сироят шудаанд. Аз аввали ҳамагирӣ дар олам аз КОВИД-19 1 миллиону 402 ҳазору 028 нафар ҷон бохтаанд. Шумори фавтидагон дар шабонарӯзи гузашта 2 221  нафар гуфта шудааст. Бино ба омори ин манбаъ то кунун 41 миллиону...

Covid-19: Шумори гирифторон дар олам аз 59 миллион гузашт. Дар ИМА эмкунии саросарӣ аз Covid-19 11 – уми декабр оғоз мешавад

Субҳи имрӯз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз сирояти 59 миллиону  037 ҳазору  491 нафар ба Covid-19 дар олам хабар дод. Шабонарӯзи гузашта боз 158 ҳазору 655 нафар ба ин вирус сироят шуданд ва 2 407 нафар фавтиданд. Аз оғози ҳамагирӣ то ба кунун 1 миллиону 394 ҳазору 511 нафар ҷон бохтанд. Шумори пурра муолиҷашудагон 40 миллиону 797 ҳазору 173 нафар эълон шуд ва гуфта мешавад...

ПАЖӮҲИШ. КОВИД-19: Ангушти ишораи инсон сӯи ҳайвон. Хуффош, забод, панголин ва ҳоло вашақ

Аз замони оғози ҳамагирии коронавирус КОВИД-19 қариб ҳамеша ангушти ишораи инсон сӯи ҳайвонҳо будааст. Яъне ин вирус аз кадом ҳайвоне гузашта ва аз одамон ба одамони дигар, ҳамин тавр паҳн шудааст. Бори аввал хуффош сабабгори паҳн шудани ин беморӣ эълон шуд ва таҳқиқотҳои густардае ҳам дар ин замина сурат гиифтанд. Моҳи феврали соли ҷорӣ, дар айни авҷи вируси корона дар Чин ва густариши он ба

Страницы