Covid-19: Дабири кулли СММ аз сарварони кишварҳои Гурӯҳи бист (G20) хост барои мубориза бо коронавирус дар олам 28 миллиард доллар ҷудо кунанд. 65 нафар кормандони СҶТ ба коронавирус мубтало шудаанд
Чоп шуд: 18/11/2020 | admin
Шумори гирифторон ба коронавирус КОВИД-19 дар олам ба 56 (55 943 622) наздик мешавад. Танҳо дар шабонарӯзи гузашта боз 184 ҳазору 946 нафар афзудааст ва 3 948 нафар фавтидаанд. Аз оғози ҳамагирӣ аз ин беморӣ дар ҷаҳон 1 миллиону 343 ҳазору 388 нафар ҷон бохтанд. Шумори муолиҷашудагон тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба 38 миллиону 963 ҳазору 786 нафар расидааст.