Covid-19: Шумори қурбониёни коронавирус дар олам аз 1 миллиону 300 ҳазор гузашт. 11 ҷаҳонгарди Русия дар Туркия аз КОВИД-19 фавтиданд
Чоп шуд: 02/11/2020 | admin
Субҳи имрӯз шумори мубталоён ба Covid-19 дар олам 46 миллиону 823 ҳазору 515 нафар эълон шуд. То кунун аз ин беморӣ 1 миллиону 205 ҳазору 321 нафар ҷони худро аз даст доданд. Шабонарӯзи гузашта бар асари коронавирус дар кулли кишварҳои олам 1 200 нафар фавтиданд. Бино ба м аълумоти расмии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ то кунун аз ин беморӣ 33 миллиону 756 ҳазору 847 нафар пурра муолиҷа шуданд.