Коронавирус nCov

Навъи нави вируси корона дар Британиё. Донишмандон дар ин бора чӣ медонанд?

Интишори гузоришҳо дар бораи ба шиддат паҳн шудани навъи нави коронавиру дар Британияи Кабир кишварҳои Аврупоро водор кардааст, ки парвозҳои ҳавопаймоҳои худро ба ин кишвар мутаваққиф кунанд. Эрон ҳам ахиран эълон кард, ки кулли парвозҳо аз ин кишвар ба Британияи Кабир ва аз он ҷо ба Эрон муддати ду ҳафта қатъ мешавад. Аз мамолики Аврпуо ба Британия ҳамчунин ҳаракати қаторҳо низ муваққатан боздошта шуд.

Covid-19: Шумори мубталоён дар олам аз 75,3 миллион гузашт. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба коронавирус гирифтор шуд

Шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар олам ба  75 миллиону 357 ҳазору 739 нафар расида, шабонарӯзи гузашта боз 296 799 нафар мубтало ба ин беморӣ шуданд. Аз коронавирус 1 миллиону 669 ҳазору 877 нафар фавтиданд. То кунун дар саросари олам аз ин беморӣ 52 миллиону 924 ҳазору 771 нафар пурра муолиҷа шуда, ин шабу рӯз дар беморхонаҳои олам 107 ҳазору 261 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.

COVID-19: Шумори сироятшудагон дар Тоҷикистон аз 12 ҳазору 800 нафар гузашт. Дар олам гирифторон беш аз 74,5 миллион эълон шуд

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод, ки шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар олам ба 74 миллиону 534 ҳазору 317 нафар расидааст. Танҳо шабонарӯзи гузашта бо  259 ҳазору 904 мубтало ба ин вирус шуданд. Бар асари ин беморӣ 1 миллиону 655 ҳазору 226 нафар ҷони худро аз даст доданд. Ин замон дар бемористонҳои олам 107 ҳазору 525 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд. Ин манбаъ шумори муолиҷашудагон дар оламро

Covid-19: Шумори гирифторон дар олам ба 74 миллион наздик мешавад. Сарвазири Италия аз ҳамватанонаш хост ба “таҷлили солинавии бидуни шароб ва ҷамъомадҳову бӯсу канорҳо” омода бошанд

Шумори гирифтрон ба КОВИД-18 дар олам ба 73 миллиону 877 ҳазору 114 нафа расид. Аз ин беморӣ 1 миллиону 643 ҳазору 191 нафар ҷон бохтаанд. То кунун аз муолиҷаи пурраи 51 миллиону 890 ҳазору 775 нафар хабар дода мешавад. Дар бемористонҳои олам 117 ҳазору 877 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд. 48% ҳодисаи мубталоӣ ба кишварҳои ҳавзаи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ (240 197), минтақаи Аврупо...

COVID-19: Шумори сироятшудагон дар олам аз 73 миллион гузашт ва теъдоди ҷонбохтагон ба 1,7 миллион наздик мешавад. Бар Британия навъи нави коронавирус кашф шуд, ки аз одам ба одам ба зудӣ мегузарад

Шумори гирифторон ба коронавирус дар олам ба  73 миллиону 193 ҳазору 269 нафар расид. Танҳо шабонарӯзи гузашта боз 169 ҳазору 198 нафар чун сироятшудаи нав сабт шуданд. Бино ба омори субҳи имрӯз, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ расонаӣ кард, то кунун аз ин беморӣ 51 миллиону 326 ҳазору 674 нафар муолиҷа шуданд ва 1 милиону 627 ҳазору 977 нафар ҷон бохтанд. 106 ҳазору 554 нафар дар ҳоли вазнинанд.

Страницы