Коронавирус nCov

Видеои нави муосир дар мавриди пешгирӣ аз уфунати коронавирус (ВИДЕО)

Ҳар рӯз гузоришҳо дар бораи афзоиши шумораи сироятёфтагони коронавирус ба қайд гирифта мешаванд. Вирус дар саросари ҷаҳон босуръат паҳн мешавад. Тааҷҷубовар нест, ки бисёриҳо дар бораи саломатии худ ва наздикони худ дар ташвишанд. Дар вазъияте, ки онҳо дар бораи коронавирус дар ҳама ҷо - дар ВАО, дар кӯчаву бозор, дӯкону мағозаҳо, корхонаву хона гап мезананд, аммо ҷавонон аксар вақт вазниниву

COVID-19: Шумори гирифторон аз марзи 83,1 миллион ҳам гузашт. Аввалин м арг бар асари коронавирус дар Муғулистон ба қайд гирифта шуд

Бино ба гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гитрифторон ба вируси корона дар олам ба  83 миллиону 102 ҳазору 166 нафар расидааст. Танҳо шабонарӯзи гузашта дар саросари ҷаҳон боз 259 848 нафар чун сироятшудаи нав ба КОВИД-19 сабт шудаанд. То кунун аз ин вирус 58 миллиону 308 ҳазору 423 нафар муолиҷа шудаанд ва шумори қурбониёни он ба 1 миллиону 812 ҳазору 671 нафар расидааст.

COVID-19: Шумори гирифторон дар олам беш аз 82 миллион эълон шуд. Дар Қазоқистон беш аз ҳар вақти дигар мактабиён сироят мешаванд

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз сирояти 82 миллиону 327 ҳазору 231 нафар дар олам хабар дод. Ин манбаъ гуфт, ки танҳо шабонарӯзи гузашта ба ҷамъи мубталоён боз 217 254 нафар пайвастаанд.  То кунун бар асари КОВИД-19 1 миллиону 796 ҳазору 543 нафар ҷони худро аз даст додаанд ва 58 миллиону 338 ҳазору 453 нафар муолиҷа шудаанд.

Covid-19: Шумори сироятёфтагон дар саросари олам аз 81,6 миллион гузашт. То кунун 1 миллиону 781 нафар ҷон бохтаанд

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ субҳи имрӯз шумори гирифторон ба Covid-19 дар оламро 81 миллиону 673 ҳазору 280 нафар эълон кард. Шабонарӯзи гузашта ба ҷамъи мубталоён боз 201 ҳазору 401 нафар пайвастаанд. Бар асари ин беморӣ 1 миллиону 781 нафар ҷон бохтаанд. То кунун дар саросари олам 57 миллиону 799 ҳазору 595 нафар пурра муолиҷа шудаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон шумори

Covid-19: Шумори гирифторон дар олам аз 81 миллиону ва ҷонбохтагон аз 1,7 миллион гузашт

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар оламро  81 миллиону 144 ҳазору 994 нафар эълон намуд. Шабонарӯзи гузашта боз 144 ҳазору 263 нафар ба ин беморӣ мубтало шудаанд.  Шумори фавтидагон ба 1 миллиону 771 нафар расида ва зарфи 24 соати гузашта дар олам боз 2 036 нафар ҷон бохтаанд. То кунун аз ин беморӣ 57 миллиону 293 ҳазору 765 нафар шифо ёфтаанд. Ҳоло дар беморхонаҳои кишвраҳои...

Страницы