Коронавирус nCov

Covid-19: Шумори мубталоён дар олам аз 98 миллион гузашт, фавтидагон беш 2 миллиону 100 нафар

Субҳи имрӯз шумори гирифторон ба коронавирус дар олам ба 98 миллиону 102 ҳазору 397 нафар расид. Шабонарӯзи гузашта боз 229 710 нафар ба ин вирус олуда шуданд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз марги 2 миллиону 100 ҳазору 667 нафар ва шифо ёфтани 70 миллиону 503 ҳазору 807 нафар хабар дод. Ҳоло дар бемористонҳои олам 111 ҳазору 830 нафар дар ҳоли вазнин мебошанд.

COVID-19: Шумори мубталоён аз 97 миллион нафар гузашт. Аз аввали соли 2021 дар Исроил аз коронавирус 800 нафар ҷон бохтанд

Шумори гирифторон ба вируси корона дар олам ба 97 миллиону 317 ҳазору 132 нафар расид. Шабонарӯзи гузашта боз 262 698 нафар мубтало шуданд. Аз ин беморӣ аз оғози ҳамагирӣ 2 миллиону 083 ҳазору 594 нафар фавтиданд шумори муолиҷашудагон 69 миллиону 867 ҳазору 134 нафар ва 112 498 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.  Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ИМА, Ҳинд, Бразилия, Русия, Британияи Кабир, Фаронса, Италия...

Аз аввали моҳи феврал дари масҷидҳо ба рӯи намозгузорон боз мешавад. Аммо бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ

Аз 1-уми феврали соли 2021 дар кишвар баргузории ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа дар масҷидҳо бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштии шахсию чамъиятӣ иҷозат дода мешавад. Дар ин бора имрӯз Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд.

COVID-19: Шумори гирифторон дар олам аз 96,6 миллион гузашт. Аввалин 1100 дозаи воксани зидди коронавирус ба қувваҳои ҳарбии Русия дар Тоҷикистон расид

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ субҳи имрӯз шумори мубталоён ба коронавирус дар ҷаҳонро  96 миллиону 643 ҳазору 566 нафар эълон кард. Шабонрӯзи гузашта боз 249 ҳазору 446 нафар ба ин ҷамъ пайвастанд. Аз КОВИД-19 дар олам  2 миллиону  066 ҳазору 003 нафар ҷон бохтанд. Шумори муолиҷашудагон 69 миллиону 323 ҳазору 391 нафар буда, ин лаҳзаҳо дар бемористонҳои олам 112...

Наздик ба 30% мубталошудагони авҷи аввали коронавирус, ки аз беморхонаҳои Британия рухсат шуда буданд, дубора ба касалхона баргаштанд

Шуъбаҳои муолиҷавии бемористонҳои Британия аз гирифторон ба коронавирус лабрез шудаанд, вале боз ҳам муҳаққион ба ин назаранд, ки ба хона рухсатшудагон шадидан зери назорат гирифта шаванд. Наздик ба 30% мубталошудагони авҷи аввали коронавирус, ки аз беморхонаҳо рухсат шуда буданд, муддати панҷ моҳи охир дубора ба бемористон баргаштанд. Дар ин бора таҳқиқоти муштараки донишгоҳи Лестер ва Бюрои...

Страницы