Кореяи Шимолӣ талош кардааст тарҳи таҳияшудаи воксан аз коронавирусро аз Кореяи Ҷанубӣ дуздад. Дар ин бора хабаргузории News One истинодан ба суханони вакили парламони Кореяи Ҷанубӣ Ха Дэ Гюн иттило додааст.
Хадамоти ҷосусии ин кишвар ба ин назар аст, ки Пхенян омода буд ба ширкатҳои дорусозии кишвари ҳамсоя ҳамла кунад. Аммо дар ин хабар гуфта нашудааст, ки чанд ширкати дорусозии Кореяи Ҷанубӣ мавриди ҳамла бояд қарор мегирифт ва ба онҳо ҳамла сурат гирифтааст.
Охири моҳи июли соли равон вазири муттаҳидаи Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ Ли Ин Ён изҳор дошта буд, ки Сеул омодаи ҳамкорӣ бо Пхенян дар мубориза зидди коронвирус аст. Вай он замон изҳори нигаронӣ карда буд, ки ин вирус билохира дар шаҳри Кэсон-дар марз миёни ду кишвар авҷ мегирад.
Аммо Кореяи Шимолӣ пайваста изҳор медорад, ки ин кишвар ҳеч ниёзе ба ёрии беруна надорад. Гӯё то он замон дар ин кишвар ягон ҳолати сироят ба КОВИД-19 ба қайд гирифта нашуда буд. Ҳарчанд гумони сироят ба ин вирус ҳамагӣ як маротиба тафтиш шудааст, вале асаре аз сироят дида нашудааст.
Садриаъзами Олмон Ангела Меркел қавл дод, ки бо сарварони кишварҳои аврупоӣ дар мавриди куллан бастани ҳамаи тафреҳгоҳҳои зимистона ва маконҳои лижаронӣ ба тавофуқ хоҳад расид. Нашрияи T-Online суханони Ангела Меркелро иқтибос мекунад, ки гуфтааст: “Мо талош дорем ҳамаи истироҳатгоҳҳои лижарониро дар кишварҳои Аврупо таътил кунем. Мутаассифона, ба сабаби мавзеъгирии Австрия ин кор чандон осон ҳам нест”.
Бино ба гуфтаи Ангела Меркел дар айни замон наметавон маҳдудиятҳоро лағв кард ва ё ҳатто барои сабуктар кардани онҳо ислоҳ даровард. Вай гуфт, ки Берлин ба талошҳояш барои ёрӣ ба шаҳрвандони худ идома медоҳад.
РБК хабар додааст, ки сарвари Вазорати молияи Австирия Гернот Блюмел бастани истироҳатгоҳҳои лижарониро рад кардааст. Вай гуфтааст, ки бояд Иттиҳодияи Аврупо зарари расида аз ин соҳаи муҳимро ҷуброн кунад. Ҳукуматдорони Фаронса ва Италия алакай аз бастани ҳамаи тафреҳгоҳҳои лижаронӣ дар қаламравашон хабар доданд.
Охири моҳи ноябри соли равон сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом Гебрейесус изҳор дошт, ки теъдоди сироятшудагон ба коронавирус дар моҳи октябри соли равон назар ба шаш моҳи охир афзуд. “Дар кулли кишварҳои Аврупо ва Амрикои Шимолӣ шумори мубталоён ба ҳадде меафзояд, ки дигар бемористонҳо маҷоли бистарӣ кардани ҳамаи онҳоро надоранд”,- қайд кард вай.