Мониторинги корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ВМКБ ва ноҳияи Рӯдакӣ

Пӯшида нест, ки махсусиятҳои иқлимиву геологии минтақаҳои Тоҷикистон сабабгори муттасил рух додани офатҳои табиие аз қабили омадани сел, обхезӣ, тарма ва ғайра мешаванд.

Барои иҷрои супориши Сарвари давлат  оид ба роҳандозии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар қаламрави кишвар, аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар маҳалҳо корҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ ва иншоотҳои саноатӣ аз таъсири манфии рӯйдодҳои ёдоваришуда гузаронида мешаванд. 

ТЕРРОРИЗМ. БО ИН ЗУҲУРОТИ ФОҶИАЗО МУБОРИЗАИ БЕАМОН МЕБОЯД!

Вазъи сиёсии ҷаҳони муосир шаҳодат медиҳад, ки амнияти кишварҳои олам бинобар фаъол гардидани гурӯҳҳои ифротгарои хатарзо ва авҷ гирифтани амалҳои террористӣ дар ҳолати басо ногувор қарор дошта, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амният тақозо менамояд, ки баҳри пешгирии роҳи ин гуна таҳдиду хатарҳо, ки метавонанд паёмадҳои ногуворро дар манотиқи гуногуни сайёра ба бор оранд, чораҳои қатъӣ

Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ҳамоиши Хиогои Ҷопон оид ба коҳиши хатари офатҳо ширкат дорад

Рустам Назарзода-Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷиҳати ширкат дар як ҳамоиши байналмилалӣ ба Ҷопон рафтааст, оид ба татбиқи амалии барномаҳои коҳиши хатари офатҳо дар Тоҷикистон суханронӣ кард. Вай Стратегияи Миллии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар таҳкими коҳиши хатари

Дарсҳои омӯзишии мудофиаи гражданӣ дар донишкадаи энергетика

Дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба мудофиаи гражданӣ дар донишкадаи энергетикаи Тоҷикистон, ки дар  ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон ҷойгир шудааст, кормандони Раёсати КҲФ ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон омӯзиш оид ба мудофиаи гражданӣ гузарониданд.

Тавсияҳои КҲФ: Дар ин ҳавои гардолуду пурчанг чӣ бояд кард?

Муддати чанд рӯзи охир ҳавои гардолуди то ҳадде тӯфонӣ кишварро фаро гирифтааст. Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии мамлакат хоҳиш мекунад дар чунин ҳолатҳо ҳангоми роҳандозии корҳои саҳроӣ эҳтиёт бошанд, дар минтақаҳои кӯҳӣ аз ғунучини ҳезум худдорӣ намоянд. Бештар аз ҳама ба одамони гирифтори бемориҳои дил, зиққи нафас ва фишорбаландӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир созанд.

Страницы