Тими Раёсати Кумита дар ВМКБ дар мусобиқоти футзол барандаи ҷоизаи Вазорати мудофиа шуд

Дуюмин пирӯзии варзишкорони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои дарёфти Ҷоми Вазорати мудофиаи кишвар. Ин бор дастаи футболбозони Раёсат дар бозии ниҳоӣ оид ба футзол (минифутбол) дастаи ДОСААФ-ро шикаст доданд ва Ҷоми Вазорати мудофиаро соҳиб гаштанд. Пирӯзонро муборакбод мекунем!

21 феврали соли 2019 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ бозиҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Вазорати мудофиа миёни сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба анҷом расид. Ин бозиҳо ба 26-умин солгарди таъсиси Артиши миллӣ бахшида шуда буданд. 

Дар ин мусобиқаҳо 9 тими футбол иштирок намуд, ки яке аз онҳо тими Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ буд.   

Дар дар дидори ниҳоӣ тими Раёсати КҲФ дар ВМКБ бар тими ДОСААФ пирӯз шуд ва барандаи Ҷоми Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гашт.

Ҳамчунин ғолибон бо ифтихорномаҳо ва медалҳои Вазорати мудофиаи ҶТ мукофотонида шуданд.

Ин дуюмин пирӯзии варзишкорони КҲФ дар мусобиқоти варзишии вилоят барои дарёфти Ҷоми Вазорати мудофиа буд.

Ҳамкорони худро сидқану самимона барои ин пирӯзиҳо шодбош мегӯем!

барчасп: