То 16-уми феврал хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад
Чоп шуд: 13/02/2019 | adminБар асари боришоти пайвастаи барфу борон дар ду рӯзи охир ва лағзиши тармаву резиши санг қитъаҳои гуногуни роҳҳои мошингарди Душанбе-Чаноқ ва Хоруғ-Ишкошим баста шуданд. Барои тоза кардани роҳҳо нерӯҳо ва воситаҳои техникии хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт, бахши хадамоти роҳи ширкати Innovative Road Solutions (IRS), мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ҷалб карда шудаанд.
Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар то 16-уми феврали соли 2019 хатари лағзиши тарма ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ боқӣ мемонад.