Гӯшаву канори олам аз офатҳои табиӣ ранҷ мекашанд. Дар Австралия боронҳои шадад идома доранд. Ва дар гӯшаи дигари ин кишвар бешазорон месӯзанд. Дар Зеландияи Нав сӯхтори бесобиқаи ҷангал зарфи 60 соли охир идома дорад. Дар ИМА барфи зиёд муҷиби фалокатҳои бештар шудааст. Матлаби зер аз як гузориши ширкати телевизионии 24 ва манбаъҳои дигари хабарии олам аст, ки пешкаш мешавад.
Сел дар Австралия
Чанд рӯз пештар кӯчаҳои Сидней лабрези об буданд. Сели азим ба минтақаҳои шимолу шарқии кишвар сарозер шуд. Дуюмин ҳафта аст, ки боронҳои шадид меборанду меборанд, гӯё лаҳза оромиш надоранд. Мошинҳо зери сел мемонанд, дарахтон чаппа мешаванд, хонаҳо хароб мегарданд.
Як сокини Австралия Сена Парк нақл крадааст, ки чи хел вай бо дидани мавҷи сели азим ба боло мошин баромадааст, вале дар пешаш решакан шудану афтодани дарахт вуҷудашро ба ларза овардааст. Дар ин минтақа хонаҳои зиёде зарар дидаанд, мошинҳо зери об мондаанд.
Гурбаи гумшудаи Ҷемма ва кӯчиши фаврии мардум дар Зеландияи Нав
Аммо дар Зеландияи Нав ҷангал оташ мегирад. Ин рӯйдоди мудҳиш 4 феврал оғоз шуда буд ва ҳамоно идома дорад. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд ин минтақа зарфи 60 соли охир ин гуна оташсӯзиро ёд надошт. Ҳазорон нафар аз маконҳои зисташон муваққатан кӯчонда шудаанд. То ҳол аз талафоти ҷонӣ гузориш нарасидааст. Аммо дар ноҳияҳои наздик ба сӯхтор ҳолати фавқулодда эълон шудааст. обуҳавосанҷон гармиву бодҳои шадидро пешгӯӣ мекунанд ва табиист, ки вазиши бод оташсӯзиро афзун мекунад.
Барои хомӯш кардан ва ё ҳаддиақал коҳиши мизони зарар 14 чархбол ва ду ҳавопаймо ҷалб карда шудааст. Намояндаи ниҳоди мудофиаи граждании Зеландияи Нав Ричард Кирби тавсия дод, ки ҳама фавран иқоматгоҳҳои худро тарк кунанд.
- Мо ҳоло омодаи кӯчишем, аммо мушкил он ки то ҳол як гурбаи худро пайдо намекунем, намедонем куҷост. Мо бояд вайро ба духтури ҳайвонот нишон диҳем, бемор аст ва барои муолиҷаи вай чора бинем, - гуфтааст Ҷемма ном сокини Зеландияи Нав ба хабарнигорон.
Резиши шадиди барф дар ИМА
Агар ҳавои Зелендияи Нав гарм аст, пас дар Иёлоти Муттаҳида сармои шадид муҷиби мушкилот шудааст. Чаҳор рӯз аст, ки резиши шадиди барфро оромиш нест. Дар Вашингтон баландии барф то 20 см гузориш шудааст. Ва дар минтақа бештар аз 50 ҳазор хонавода бе нерӯи барқ мондаанд.
Фурудгоҳи шаҳри Сиэтли беш аз дусад парвози ҳавопаймоҳо ба гӯшаву канори кишварро мавқуф гузоштааст.
Дар ҳамин ҳол ҳокимони кишвар ба аҳолӣ маслиҳат додаанд, ки дар чунин ҳавои сарду пурбориш дурудароз дар кӯчаҳо гардиш накунанд.
Алангаи оташ дар ҷангалҳои Австралия
Дар шимоли иёлоти Уэлси Ҷанубии Австралия ҷангали азим ба коми оташ кашида мешавад. Барои хомӯш кардани ин сӯхтори бузург бештар аз 400 техникаи махсус ва сӯхторхомӯшкун ҷалб шудааст.
Бино ба гузориши расонаҳои хабарии дохиливу хориҷӣ дар айни замон беш аз 6 ҳазор гектар бешазорони анбӯҳ дар гирдоби алангаи оташ монда. Бар асари ин сӯхтори бесобиқа ҳамаи мактабҳо ва боғчаҳои бачагона таътил эълон кардаанд. Сокинони шаҳристонҳои Тинга, Интервелл ва Табуламро барои интиқол ба маҳалҳои дурдаст омода мекунанд.
Нозири пулиси минтақавӣ Бен Шепард ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки то ҳал ҳамаи талошҳо барои коҳиши алангаи оташ тақрибан бенатиҷа мондаанд. То кунун панҷ хонаи истиқоматӣ ба коми оташ рафтааст, баъзе корхонаҳо ва мошинҳо низ сӯхтаву нобуд шудаанд. Дар ояндаи наздик ҳам мо интизори беҳбуди вазъ надорам. Ба гуфтаи вай боди шадид ба кори сӯхторхомӯшкунон халал мерасонад.