Кумита дар чаҳорчубаи лоиҳаи муштарак барои ишғоли вазифаҳои холӣ озмун эълон мекунад
Чоп шуд: 15/02/2019 | adminКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи муштарак бо Бонки Рушди Осиё оид ба идоракунии хатари офатҳо дар сатҳи миллӣ барои ишғоли вазифаҳои холӣ озмун эълон мекунад.
Талабот ба номзадон чунин мешаванд: кормандон бояд ҳадди аққал дараҷаи бакалавр ва таҷрибаи корӣ дар як лоиҳаро дошта бошанд. Фаъолият дар яке аз лоиҳаҳои Бонки Рушди Осиё афзалиятнок ҳисобида мешавад. Кормандон таҳти назорати роҳбари лоиҳаи Гуруҳ кор мекунанд. Донистани забони англисӣ талаб карда мешавад.