Тавре ки қаблан хабар дода будем, дар натиҷаи боришоти шадиди барф дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Рашт - Лахш, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб, инчунин дар ағбаи Қизил-Арт ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ душворгузар буд.
15-уми феврали соли 2019 соати 05:40 субҳ дар қисмати роҳи автомобилгарди Дарвоз-Ванҷ дар наздикии деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз тармафароӣ ба қайд гирифта шуда буд. Айни замон роҳи Дарвоз-Ванҷ пурра тоза гардида, ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ оғоз ёфтааст.
Ҳамчунин, дар қитъаҳои гуногуни роҳи автомобилгарди Хоруғ-Ишкошим фаромадани ҳафт адад тармаҳо ба қайд гирифта шудаанд. Роҳи мазкур баста аст. Барои тоза намудани роҳҳо таҷҳизоти махсуси хадамоти роҳҳои Вазорати нақлиёти кишвар ҷалб гардидаанд, дар ин мавзеъ корҳо идома доранд.
Дар километрҳои 79, 80, 81 ва 82-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Айнӣ дирӯз фаромадани тармаҳо ба қайд гирифта шуда буданд. Барои бартарафсозии ҳолати рухода техника ва таҷҳизоти ширкати роҳии Innovative Road Solutions (IRS) истифода шуда, ин қисмати роҳ пурра аз барф тоза карда шуданд.
Дар 100 ва 120 километри роҳи автомобилгарди Айнӣ-Душанбе шумораи зиёди мошинҳои боркаш, ки ба шаҳри Душанбе ҳаракат мекарданд, тамба шуданд. Барои таъмини бехатарӣ воситаҳои нақлиёт дар мавзеъҳои бехавфи роҳ ҷой шудаанд. Аз ҳисоби Ҳукумати вилояти Суғд, ширкати роҳии Innovative Road Solutions (IRS) ронандагоне, ки дар роҳ мондаанд, хӯроки гарм таъмин карда шуда, дар тамоми .
14-уми феврали соли 2019 наҷотдиҳандагони гурӯҳи фаврии дар минтақаи Заравшан будаи Кумита, ки дар ноҳияи Айнӣ ҷойгир ҳастанд, 19 адад ронандагонро аз 71 км ва 72 километри ноҳияи Варзоб бо воситаҳои нақлиётии худ тамба шуда буданд, ба макони бехавф интиқол доданд.
Бо мақсади таъмини бехатарии ронандагон ва мусофирон роҳи автомобилгарди Варзоб-Айнӣ баста аст. Корҳои тозакунии оқибатҳои тармафароӣ идома доранд.
Кумита хотиррасон мекунад, ки дар натиҷаи гармшавии ҳарорати ҳаво хавфи эҳтимолияти фаромадани тармаҳо ва сангрезиш афзоиш меёбад ва бинобар ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хоҳиш менамояд, ки аз сафар ба минтақаҳои осебпазири кӯҳӣ худдорӣ намоянд.