Activities calendar

08 феврали 2019

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз фаъолияти яксолаи худ ба хабарнигорон ҳисобот дод

7 феврали соли 2019 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти яксолаи идораи наҷоти кишвар баргузор шуд, ки дар он Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, роҳбарони воҳидҳои Кумита ширкат карданд. Дар ин нишаст  ба суолҳои намояндагони бештар аз 30 расонаҳои хабарии дохиливу хориҷӣ посух дода шуд.