7 феврали соли 2019 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти яксолаи идораи наҷоти кишвар баргузор шуд, ки дар он Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, роҳбарони воҳидҳои Кумита ширкат карданд. Дар ин нишаст ба суолҳои намояндагони бештар аз 30 расонаҳои хабарии дохиливу хориҷӣ посух дода шуд.
Дар сухани муқаддимотии худ Рустам Назарзода ҳолатҳои фавқулоддаи рухдода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018, сиёсати кишвар дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, қарорҳои қабулшуда ва корҳои анҷомёфта дар ин самтҳо ва дурнамои фаъолияти КҲФ дар соли 2019 таҳлил кард.
Гуфта шуд, ки соли 2018 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 167 (соли 2017 – 883) ҳолати фавқулоддаи табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки 23 ҳодиса ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарари моддӣ расонд.
Сарвари Кумита дар суханронии худ қайд кард, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ 12 сокини мамлакат ба ҳалокат расиданд. 5 нафари онҳо бар асари сангрезиш, 4 тан дар натиҷаи омадани сел, 2 нафар аз раъду барқ ва 1 тани дигар аз заҳролудшавӣ бо гелиотроп. Ҳаҷми зарар 34 миллиону 249 ҳазор сомониро ташкил дод.
“Соли 2018 бар асари офатҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ 50 хонаи истиқоматӣ зарар диданд, ки аз ин миён 29 хона пурра ва 21 хона қисман вайрон шуд. Ҳаҷми зарар 34 миллиону 249 ҳазор сомониро ташкил дод. Бо дастури Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда ба хонаводаҳои зарардида дар шакли воситаҳои пулӣ, маводи сохтмонӣ ва таҷҳизоти дигар, молҳои ниёзи ҳамарӯзӣ кумаккҳо ҷудо карда шуданд, ки бо истифода аз техникаи кумита ба маҳалли офат интиқол ва тавзеҳ шуданд. Ба аҳолии зарардида ҳамчунин аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ – созмони Салиби Сурх, Агентии Оғохон оид ба зистгоҳ, ЮНИСЕФ, Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи СММ, САҲА кумак расонда шуд. Аз ҷумла барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳо маводи сӯхт, ба одамон маводи ғизоӣ, ҳаббҳо барои безарар гардонидани обҳо миёни мардум тавзеҳ шуд”,-иброз дошт Рустам Назарзода.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар бораи кори воҳидҳои наҷот сухан ронда, зикр намуд, ки дар ин давра кормандони Раёсати махсуси хадамоти ҷустуҷӯиву наҷот дар 597 маврид дар корҳои наҷот ширкат намуда, 170 нафарро аз марг раҳо карданд, ки 48 тани онҳо афроде буданд, ки ғарқ мешуданд.
Зикр гардид, ки ба роҳандозии рейдҳои пайваста аз ҷониби кормандони КҲФ, чорабиниҳои таблиғотӣ, муроҷиатҳо аз тариқи телевизион ва радио нигоҳ накарда, мутаассифона дар иншоотҳои обӣ одамон ба ҳалокат мерасанд.
Бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар давраи ҳисоботӣ 140 нафар дар рӯдхонаҳо ва кӯлҳо ғарқ гардиданд (соли 2017 170 нафар буд). 27 нафари онҳо бачаҳои синни то 10-сола, 23 тани дигар то 17-сола, синну соли то 35-сола 48 нафар ва болотар аз 35-сола 37 нафар буданд.
Дар охир сарвари идораи наҷоти кишвар ба ширкаткунандагони нишасти матбуотӣ дар бораи дурнамои фаъолият ва нақшаҳои КҲФ дар соли 2019 нақл кард. Вай аз ҷумла иброз дошт, ки соли равон Кумита ба татбиқи барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 ва Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2019-2030, баланд бардоштани малакаҳои касбӣ ва интизоми ҳарбии кормандонро бо таҷҳизотҳои муосир ва воситаҳои техникии махсус таъмин бошанд, идома медиҳад. Ҳамкориҳои байналмилалиро дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда густариш медиҳад ва сармоягузориҳои бештарро барои сохтани Маркази миллӣ оид ба омодасозии муассир ва бозомӯзии кадрҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, хадамоти кинологӣ ва ғаввосӣ ҷалб месозад.
Журналистон пеш аз ҳама ба фаъолиятҳои Кумита дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, ҳамкориҳои КҲФ бо дигар мақомот дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ, таъминоти техникии Кумита, масоиди омӯзиш ва бозомӯзии кормандон, ҳолати кӯли Сарез ва масоили дигар мароқ зоҳир карданд ва ба пурсишҳои худ посух дарёфт намуданд.
Дар поёни нишаст сарварони воҳидҳои дахлдор ба намояндагони ширкатҳои телевизионии дохиливу хориҷӣ мусоҳиб гаштанд.