Activities calendar

22 феврали 2019

Тими Раёсати Кумита дар ВМКБ дар мусобиқоти футзол барандаи ҷоизаи Вазорати мудофиа шуд

Дуюмин пирӯзии варзишкорони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои дарёфти Ҷоми Вазорати мудофиаи кишвар. Ин бор дастаи футболбозони Раёсат дар бозии ниҳоӣ оид ба футзол (минифутбол) дастаи ДОСААФ-ро шикаст доданд ва Ҷоми Вазорати мудофиаро соҳиб гаштанд. Пирӯзонро муборакбод мекунем!

Кормандони Раёсати Кумита дар Суғд бори дигар барои ниёзмандон хун супурданд

Дар доираи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи татбиқи Тартиби ташкили донории хун ва ҷузъҳои он ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда – садамаҳо, офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд” ва “Барномаи миллии рушди донори хун ва ҷузъҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019” кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои ниёзмандон хун супурданд.