Дар доираи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи татбиқи Тартиби ташкили донории хун ва ҷузъҳои он ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда – садамаҳо, офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд” ва “Барномаи миллии рушди донори хун ва ҷузъҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019” кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои ниёзмандон хун супурданд.
Дар бахши Маркази ҷумҳуриявии илмии хун дар шаҳри Хуҷанд 13 тан аз ҷумлаи кормандони Раёсати КҲФ бо хоҳиши худ хун супуданд.
Барои кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда кумаки хун барои эҳтиёҷмандон амале нест, ки нашунида ва ё надида бошанд. Дар даҳҳо ҳолатҳои садамавиву фавқулодда онҳо бо чашмони худ дидаанд, ки зарардидагон хун талаф медиҳанд ва барои онҳо хуни каси дигар ба мисли бозгашти дубора ба ҳаёти хуррам аст. Бахусус дар ҳолатҳое, ки зарардидагон ба амалиётҳои ҷарроҳии мушкил рӯ ба рӯ мегарданд ва ё дар садамаҳо хуни зиёди худро аз даст додаанд, онҳо ниёзи бештар ба хуни ҳамзамонон доранд.
Пеш аз супурдани хун донорҳо аз назорати тиббӣ гузаштанд, духтурон онҳо ташхис карданд. Табибон гуфтанд, ки наҷотдиҳандагони КҲФ беш аз ҳар каси дигар барои донорӣ муносибанд, чун ин афрод пайваста ба саломатии худ диққат медиҳанд. Кори онҳо ҷисмонист ва шахсе, ки наҷоти инсонҳоро ҳадаф қарор додааст, бояд аз нигоҳи ҷисмонӣ солиму бардам бошад.