Дар шаҳри Олмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон форуми минтақавии “Сармоягузориҳои хатарҳои офатҳои табиӣ” мегузарад, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат дорад. Ҷонишини аввали Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Рустам Шоҳиён низ шомили ин ҳайат аст.
Ҳадафи форуми Осиёи Марказӣ таҳкими ҳамкориҳо оид ба масъалаҳои идораи хатари офатҳо, аз ҷумла рушди абзорҳои ҳимояи молиявӣ, ҳамчунин идомаи баррасии ташаббусҳо оид ба коҳиши хатари офатҳо аз ҷониби шахсони масъули таҳияи сиёсат ва мутахассисон дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Форум як платформа барои табодули донишҳо ва таҷрибаҳо миёни шахсонест, ки манфиатдори ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли сармоягузоранд ва қодиранд равишҳои устувори муқобилият бо офатҳои табиро дар сатҳҳои минтақавӣ ва миллӣ таъмин созанд.
Дар кори ин форум беш аз 80 намоянда аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои дигар ширкат доранд.