Аввалин ҷаласаи гурӯҳи РЕАКТ дар ВМКБ
Чоп шуд: 24/10/2018 | admin
Бо дастури Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – лейтеннат Р.Назарзода таҳти раёсати Сардори Раёсати Кумита дар ВМКБ ва бо дастгирии Агентии Оғо Хон оид ба макони зист аввалин ҷаласаи Гурӯҳи вокуниши сареъ ва ҳамоҳангсозиҳо дар ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Имматшозода Анвар Имматшо, намояндагони вазоратҳо ва идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар қаламрави вилоят фаъолият мекунанд, ширкат намуданд.