Чорабинии “Кадбонуи беҳтарин” бо ширкати бонувони Афғонистон гузашт

Бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълони солҳои 2019-2021 чун солҳои “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ҳамчунин дар доираи чорабиниҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ-намоиши “Кадбонуи беҳтарин” гузаронида шуд.

Толоре, ки ин чорабинӣ роҳдандозӣ шуд, миз бо анъанаҳои наврӯзии “Ҳафт син” ва “Ҳафт шин” оро ёфта буд. Ба меҳмонон таомҳои гуногуни миллӣ ва шириниҳо пешкаш гардид. Ширкаткунандагони ин чорабинӣ ҳама либосҳои миллӣ дар бар доштанд. 

Дар ин чорабинӣ ҳамчунин бонувони наҷотдиҳанда аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва мураббиён аз Британияи Кабир ширкат варзиданд. Бонувони афғонӣ ҷиҳати иштирок дар як семинари омодасозии наҷотдиҳандагон, ки аз ҷониби мураббиёни варзидаи Британияи Кабир гузаронида мешавад, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд. Ин семинар аз ҳафтаи гузашта дар Маркази  ҷумҳуриявии омӯзишӣ-методии КҲФ шуруъ гардида буд.   

Ин чорабинӣ бо барномаи ҷолиби консертии идона ҳамроҳ буд.

Ҳадафи роҳандозии ин гуна чорабиниҳо қабл аз ҳам боло бурдани мақоми зан, рушди ҳунарҳои мардумиву миллӣ, таҳкими анъанаҳои хонаводагӣ ва таблиғи таомҳои миллӣ, фарҳанг, ҳаёти оилавӣ аст, ки ифтихори миллат мебошад.

барчасп: