Заминларзаи субҳи имрӯз талафоту хисороте надошт

Соати 09:33 дақиқаи вақти Душанбе сокинони пойтахти кишвар такони сахти заминро эҳсос карданд. Бино ба маълумоти Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон маркази заминларза  даҳкилометрии шарқи Душанбе буд ва қувваи он дар марказ  4 баллро ташкил медод.

Бино ба ҳамин маълумот қувваи заминларза дар шаҳри Душанбе 3-4 балл буд.

Вазъи роҳҳои кишвар барои имрӯз, 21 январи соли 2018

Бориши шадиди барф равуо дар роҳҳои кӯҳии кишварро ба мушкил рӯ ба рӯ кард. Хатари лағзиши тарма бештар шуд, боришҳо пайваста кори роҳрӯбонро ҳам душвор кард. Бо вуҷуди огоҳиҳову ҳушдорҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ронандагон ҳамоно баъзан бидуни зарурат ҳам ба сафар мебароянд. Ҳоло садҳо мошин дар ду тарафи шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва

Суҳбат атрофи Паёми Пешвои миллат бо ширкати вакили парламон

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо вакили парламони кишвар, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Рустам Қудратов баргузор шуд. Ҳадаф аз ин мулоқот сӯҳбат дар атрофи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Эълони ҳолати фавқулодда дар Хабаровск

Дар кишвари Хабаровски Федератсияи Русия низоми ҳолати фавқулодда ҷорӣ шуд ва сабаби ин лағзиши пораи азими замин дар дарёи Бурея буд,-хабар медиҳад  ТААС. Ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки губернатори вилоят Сергей Фургал ахиран ин гуна дастурро имзо кардааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки ярч ҷараёни оби дарёи Буреяро

Таркиш дар Мексика ҷони 20 нафарро рабуд

Бар асари инфиҷори қубури интиқоли бензин дар шаҳри Тлауелилпани Мексика 20 нафар ба ҳалокат расиданд ва бештар аз 60 нафари дигар захмӣ шуданд. Ин ҳодиса рӯзи шанбе рух дод ва губернатори иёлоти Идалғо Умар Файёд аз аввалинҳо шуда хабарро аз тариқи саҳифаи худ дар Твиттер расонаӣ кард.

Ин таркиш дар канори корхонаи қандсозии  Tula рух дод. Дар

Страницы